Доктор Офаридаев: Муфаттиш донандаи беҳтарини «Тоҷикон” аст

Киитоби «Тоҷикон»-и мутафаккири шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров яке аз намунаҳои барҷаста ва боарзиш дар илми таърихшиносӣ буда, дар он на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки таърихи тамоми инсоният аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир инъикос гардидааст.

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» баргузор шуд.
Озмун дар се давр баргузор шуда, 7 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳар иштирокчӣ ба 10 саволи ҳакамон ҷавоб гуфт.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ, дақиқу комил дода, мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар озмун кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо ширкат намуданд.
Раиси ҳакамони озмуни мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев гуфт, ки «китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров яке аз намунаҳои барҷаста ва боарзиш дар илми таърихшиносӣ буда, дар он на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки таърихи тамоми инсоният аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир инъикос гардидааст. Ӯ дар сӯҳбат бо pressa.tj, гуфт,ки Маҳмуродов воқеан ҳам аз ҳаама беҳтар ба саволҳо ҷавоб дод».
Ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» бо диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси шаҳри Хоруғ сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *