Домуллои ҳақоратчӣ аз имоматӣ барканор шуд

Неъматзода аз он ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъаи гузашта норозигӣ карданд, хашмгин буд

Тавре Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ иттилоъ додааст, ки Ҷамолиддин Неъматзода, имомхатиби масҷиди ба номи «Ҳазрати Муҳаммад»-и ноҳияи Рӯдакӣ, писари муфтии пешини Тоҷикистонро баъд аз навори ҷанҷолияш ва писари ӯ Азаматулло аз имоматии масҷидҳои худ барканор шудаанд. Пештар сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буданд, ки Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном дод.
Ин қарорро рӯзи 18-уми май дар масҷидҳое,ки онҳо имоматӣ мекарданд, қабул шудааст. Афшини Муқим мегӯяд: » Тибқи қарори ҳайати муассисон Неъматов Ҷамонулло Амонович (Ҷамолиддин Неъматзода) бино бар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ аз вазифаи имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуд.”
Ба гуфтаи шоҳидон, Неъматзода аз он ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъаи гузашта норозигӣ карданд, хашмгин буд.
Ин дар ҳолест, ки бо қарори дигар Азаматуллои Ҷамонулло, писари Ҷамолиддин Неъматзода, аз имоматии масҷиди панҷвақтаи ба номи «Эшони Исматулло»-и ноҳияи Рӯдакӣ озод шудааст. Феълан масъулияти имомии ин масҷидро Асрориддин Касиров ба уҳда дорад. Касиров хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.