Донишҷӯёни тоҷик ба Русия бармегарданд

Донишҷӯёни Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд.

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия хабар додааст, ки бо қарори Ҳукумат аз 31 марти соли 2021 таҳти рақами 814 донишҷӯён, аспирантҳо,ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба Русия барои идомаи таҳсилашон баргарданд.
Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои «Роспотребнадзор» дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд.
Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд. Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.
Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.
Дар давраи хонашинӣ омӯзиш дар формати фосилавӣ сурат мегирад. Афроде, ки аз озмоиши такрорӣ нагузаштаанд, ба омӯзиши муқаррарӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар сурате агар донишҷӯён суолҳои иловагӣ дошта бошанд, метавонанд ба Маркази махсуси Вазорати илму таҳсилоти Русия тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии [email protected] тамос гиранд.
Таъкид шудааст, ки раванди таълим дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо назардошти амнияти санитарию эпидемиологӣ ташкил карда шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *