Донишҷӯёнро дар Юнусобод кӣ ва ё чӣ кушт?

Дар байни кушташудагон, , се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд.

Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон.
Донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар ин бино иҷоранишин буданд.
Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.
Дар байни кушташудагон, , се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.
Айни замон прокуратураи ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Прокуратураи генарлӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *