ДССХ: 3 ихтисос аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд

Се ихтисоси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон тариқи онлайн аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд ва донишкада сазовори Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. Ин нуктаро ректори ин муассисаи олӣ Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт.

Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2020-2021 дар кафедраҳои донишкада 294 воҳиди корӣ таъсис ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 воҳиди корӣ зиёд мебошад. Боиси ёдоварист, ки дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хазмат дар соли 2021 вобаста ба зиёд гардидани донишҷӯён ва пайдо гардидани ҷойҳои корӣ 4 кафедраи дигар таъсис дода шуд, ки аз аввали соли таҳсили 2021-2022 фаъолият хоҳанд кард.

Инчунин, маълумот дода шуд, ки бо истифода додани биноҳои нави таълимӣ масоҳати донишкадаи мазкур васеъ гардида, шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 3061 адад зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *