Ду ҷодугар, яке дар Восеъ, дигаре дар Тоҷикобод боздошт шуданд

давлатхуҷа ба ивази сеҳру ҷоду аз мизоҷони худ пул, чорвои майда ва инчунин ашёҳои қиматнок талаб намудааст

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷодугар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, номбурда Гулмирзоева Одиниссои 63 — сола сокини деҳаи Селбури ноҳияи Восеъ аст.
Ӯ давоми чанд сол дар манзили истиқоматии худ мизоҷонро қабул карда, бо сеҳру ҷодуи худ гӯё ба мушкили онҳо расидагӣ мекард.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили Одиниссо як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ дар мизи кории ӯ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки ин мизоҷон мазҳ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба мизоҷони худ роҳкушоиву бахткушоӣ мекард.
Феълан нисбати сокини 63 — солаи ноҳияи Восеъ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ВКД аз боздошти як ҷодугари дигар хабар медиҳад, ки сокини ноҳияи Тоҷикобод мебошад.
Ғуломов Давлатхӯҷа — ҷодугаре, ки аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст, бар ивази сеҳру ҷоду аз мизоҷони худ пул, чорвои майда ва инчунин ашёҳои қиматнок талаб намудааст.
Ғуломов дар ҳоле, ба мизоҷони худ хизмат мерасонд, ки ягон таълимоти диннӣ надорад ва навиштаҳои худро, ки аз китобҳо рӯбардор мекард, сарфаҳм намеравад.
Айни замон нисбати ин ҷодугар низ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *