Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду мошину як трактор: 3 касро куштанду 4 нафарро захмӣ карданд

Дар яке аз мошинҳо 5 узви як хонавода аз ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо дар бемористон бистарӣ шуданду, яке дигар, ки ҳамагӣ 6 сол дошт, ҷон аз даст дод.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрди маргбори ду мошину трактор сурат гирифт, ки дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 26 июл, тахминан соати 23:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 36 – солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба самти ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур дар ҳудуди деҳаи Адолат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.

Дар натиҷа, ронанда ба чархи чапи трактори тамғаи “МТЗ-82” таҳти идораи ронандаи 40 – сола аз шаҳри Ваҳдат бархӯрд. Пас аз бархӯрд, автомашина ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба машинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрд. Ин мошинро ронандаи 40 – солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард.
Дар натиҷаи бархӯрдан, ронандаи мошини “Опел-Вектра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон дод.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30 – солаи шаҳри Ваҳдат дар ин садама ба ҳалокат расид.

Мусофирони дигари ин автомашина Ҳаштодова Бибисорои 27 – сола, Ҳаштодова Шукронаи 15 – сола, Ҳаштодов Хайриддини 9 – сола, Ҳаштодзода Сафияи 2 – сола, Ҳаштодзода Оминаи 6 – сола, ки ҳамагӣ аъзоёни як хонавода мебошанд, шадидан маҷрӯҳ шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд.

Бояд бо таасуф гуфт, ки Ҳаштодзода Оминаи 6 – сола ҳам дар бемористон ба ҳалокат расид.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.