Ду ронанда ду дучархарронро куштанд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду садамаи маргбор дар пайи беэҳтиётии ронандагон сар задааст
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи нахуст рӯзи гузашта тахминан соати 21:40-дақиқа дар ноҳияи Ашт рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Пулотов Меҳровари 29 — солаи ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат кардан дар ҷамоати деҳоти Ашт, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада дучархарон, Нурматов Муҳаммадалии 55 – соларо, ки дар канори роҳ ҳаракат мекард, пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дучархарон Нурматов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
14-уми июли тахминан соати 22:00 дар ноҳияи Масчоҳ ба ҳамин монанд садамаи маргбори дигаре сар задааст, ки онро ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганзе», Ҳоҷибоева Зумрати 33 — сола содир кардааст.

Чи тавре, ки манбаъ иттило медиҳад, номбурда ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар 347 км ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон, Мирзоев Абдурашиди 49 — сола, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ин ноҳияро пахш кардааст.
Дучархарон Мирзоев А. М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо ба иттилои ВУД, таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *