Ду устоде,ки шеъри тоҷикро аз умумигӯйӣ раҳои бахшиданд

Устод Мӯъмин Қаноъат ва устод Лоиқ касоне ҳастанд,ки бидуни тардид,шеъри тоҷикро аз ҳарзагӯйӣ ва умумигӯйӣ раҳои бахшиданд ва дубора андеша ва вежагиҳои миллӣ ва ҳувияти миллиро дар шеъри муъосир эҳё намуданд.ва зиндагӣ бахшиданд. Ин ду бузургвор барои равнақи шеър дар Тоҷикистон ва эҳёи муҳимтарин сунани адабии гузаштагонамон нақши истиснойӣ доранд. Шеъри ин ду бузургвор ҳам сарчашмаи омӯхтанӣ буд ва ҳам нерӯи ангезонанда дошт. .Ин ду бузургвор тавонистанд шеъри тоҷикро ки дар қарни бист аз моҳ ба чоҳ уфтода буд,дубора ба курсӣ биншонанд…Ин ду шоъир барои шеъри мондагор талош карданд ва шоъирона зистанд…Устод Қаноъат бештар ашъори ҳамосӣ офариданд ва достонҳои ҳамосӣ суруданд,устод Лоиқ бештар ашъори ғинойӣ мегуфтанд. Бисёре аз ашъори ин ду бузургвор ашъори МОНДАНӢ…Манзури ман аз шеъри монданӣ шеърест,ки дар ҳама ҳолат дар ғаму шодӣ ,дар ишқ ё нафрат ,дар ҳамнишинӣ ё танҳойӣ ва ғайра аз махзани ҳофизаи одамӣ битаровад ва дар дили ӯ фурӯ нишинад ва аз он ҷо ба забонаш роҳ ёбад ва лаҳзае чанд,ҳамдами вай гардад. Барои он ки шоъир ба ин поя бирасад ба қавли устод Нодири Нодирпур номаш мондагор шавад, ба се шарти зерин ниёзманд аст:
1) .Таззодеро ки миёни “зарурати таърих” ва Муқтазои замон” вуҷуд дорад бишносад ва он “зарурат” ро аз аъмоқи замири пинҳони миллаташ берун кашад ва дар шеъраш мутаҷаллӣ созад.Ин корест,ки ин ду бузургвор ба хубӣ анҷом доданд.
2).Истинботеро ки ҳамзабононаш аз мафҳуми “шеър” доранд ташхис диҳад ва бар он такя кунад. Ин ду бузургвод на танҳо ин нуктаро ба хубӣ дарк мекарданд,балки шеърашон такя ба ормонҳои миллат дошт!
3).Хислати ниҳониро ки Ҳофиз “ОН “ номида аст дар каломаш дошта бошад.
Ар девони Ҳофиз “Он” аз таъобири бисёр муҳим аст ва касоне ки ъилми назарияро ки худ фазои густурда аст мешиносанд, медонанд,ки дар байти
Аз бутон Он талаб ар ҳусншиносӣ эй дил,
К ин касе гуфт ки дар ъилми назар бино буд”
Он дар ин ҷо ин ҷо ва дар бисёр мавриди дигар низ ба маъонии маҷозӣ ба кор рафта ва ин ду бузургвор забони лисонулғайбро ба маъноии воқеъӣ фаро гирифта буданд ва тавонистанд “Он”ро бигӯянд,ки доноён онро дарк мекунанд. Дар шеъри ин ду бузургвор дар бисёр маврид тарозмандӣ миёнаи андеша ва ангеза вуҷуд дорад.Бузургтарин шоистагӣ ва ҳунари эшон шеърро ба зиндагӣ ва зиндагиро ба шеър пайванд додан буд. Ман ин ду танро бо тамоми вуҷуд дӯст медорам ва арҷ мегузорам ва бо эшон равобити дӯстона ва бародарона доштам ва солҳо аз сарзаминҳои ғурбати хеш дар ин рӯз ин ду бузургворро аз тариқи телефон муборак бод мегуфтам ва садои гармашонро мешунидам ва ҳама сола ин рӯзро ҷашн мегирифтам.Вале дареғо ки ҳам акнун эшон ба ҶОВИДОН пайвастанд. Худро бо он тасаллӣ медиҳам,ки шоъирони бузург танҳо зодрӯз доранд ва ҳаргиз намемиранд…Ҳамаи ҳамватанони хубамро бо ин рӯзи муборак хуҷаста бод,мегӯям !
Сафар Абдуллоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *