Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду вакил аз парлумони Тоҷикистон хориҷ шуданд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ ваколатҳои ду вакилро пеш аз муҳлат қатъ намуд

Парлумони Тоҷикистон ваколатҳои Исмоилзода Зуфар Муртазохонро пеш аз муҳлат қатъ намуда, аз ҳайати Шӯро ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровард.

Инчунин бо қарори Маҷлиси намояндагон, ваколатҳои вакил Акрамзода Баҳодур Исмоил қатъ гардида, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бароварда шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Мааҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни шарҳи қатъи ваколатҳо гуфт, вакилони мазкур ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардиданд. Ба иттилои нашрияи парлумонии «Садои мардум», раиси Маҷлиси намояндагон аз ин ду нафар ҳамчун шахсияти кордону ботаҷриба тавсиф карда, ба онҳо сипосномаи Маҷлиси намояндагонро барои хизматҳои шоиста, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбию ҷамъиятӣ супорид

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj