Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду вазири дифоъ -эронию тоҷик дар мулоқот чӣ гуфтанд?

Умедворем, ки ҳамчун шурӯи фасли зебои баҳор, шоҳиди шурӯи фасли наве дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба бо дӯстону бародарони тоҷик бошем

Садо ва симои Эрон иттилоъ додааст,ки вазири дифои Эрон зимни дидор бо вазири дифои Тоҷикистон таъкид доштааст:”Умедвор аст дар равобит ва ҳамкорӣ саҳифаи наве боз кунанд”.
Бино бар иттилои ин манбаъ, Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Эрон дар фасли зебои баҳор ва айёми ҷашни бостонии Наврӯз муборак гуфт: “Умедворем, ки ҳамчун шурӯи фасли зебои баҳор, шоҳиди шурӯи фасли наве дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба бо дӯстону бародарони тоҷик бошем”.
Зимни мулоқот вазири дифои Эрон бо баёни ин ки дар солҳои ахир Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва фишорҳои сангин дар ҳавзаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгир ва фаровон доштааст.
“Хушбахтона дар октябри 2020 таҳримҳои таслеҳотии Эрон ба муҷиби қатъномаи Шӯрои амният ба поён расид ва мо дар амри содироти таҷҳизоти дифоӣ ҳеч мушкиле надорем”, – афзуд ӯ.
Вазири дифои Эрон ҳамчунин густариши ҳузури созмони террористии ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва гурӯҳҳои ифротгаро дар бархе кишварҳои минтақаро мавзӯи муҳим ва ҳассосе донист ва таъкид кард, ки Эрон ҳамвора мухолифати худро бо ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар ҷангҳову даргириҳои мухталиф, чӣ дар Сурияву Ироқ ва чӣ дар Афғонистон ва ё ҳар ҷойи дигар эълом кардааст.
Дар навбати худ, вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон, иродаи кишвари Тоҷикистонро ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонд.
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои ду кишварро дар барқарории сулҳу субот ва амнияти минтақа бисёр боаҳамият донист.
“Муноқишаҳову ноамниҳои мавҷуд дар минтақа зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар муқобила бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин тавсеаву таҳкими амнияти минтақаӣ дучандон мекунад”, – гуфт генерал Шерали Мирзо.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.