Духтари сафирро дуздиданду шиканҷа карданд…

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон пас аз ду рӯзи рабуда ва шиканҷа шудани духтари сафир дипломатҳояшро аз Покистон бозхонд кард.

Воҳид Умар, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон рӯзи 18-уми июл гуфт, Ашраф Ғанӣ ба дипломатҳо, аз ҷумла сафир амр дод, ки «то он даме, ки ҳукумати Покистон одамрабоёнро ҷазо надиҳад ва амнияти сафир ва дипломатҳои Афғонистон дар он кишвар кафолат дода шавад» ба Кобул баргарданд.»

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 17-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, Силсилаи Алихел дар роҳ ба сӯи хона буд, ки ҳамлагарони ношинос ӯро якчанд соат дастгир карда «шадидан азобу шиканҷа» доданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки вай дар беморхона бистарӣ шудааст.
Вазорат «амали зиштро» маҳкум кард ва аз ҳукумати Покистон даъват кард, ки «ҳарчи зудтар ҷинояткоронро муайян ва ба ҷавобгарӣ кашанд». Вазорат инчунин аз Исломобод хост, муҳофизати дипломатҳои афғонро таъмин кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 17-уми июл гуфт, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи «ҳодисаи ташвишовар «-ро оғоз кардааст. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки мақомоти Покистон бо фиристодаи Афғонистон ва хонаводаи ӯ «иртиботи наздик» доштанд ва амнияти онҳоро тақвият доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *