Духтари зиндонии президент,ӯро кӣ хабар мегирад?

Имон,набераи президент моҳи июли соли равон хабар дод, ки на ӯ ва на вакили дифои Каримова наметавонанд бо модараш вохӯранд.

Фирӯза Эшматова, ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбекистон хабар додааст, ки бо духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова дар маҳбаси занонаи Зангиотаи вилояти Тошканд мулоқот кардааст.

«Ман бо ӯ мулоқот кардам. Вақте вохӯрдем, ҳама чи хуб буд. Мо боз мулоқот мекунем. Зеро вазъро баъди таҳлил дубора месанҷем», — изҳор дошт Эшматова 8-уми октябр ба рӯзноманигорон.

Бо падар ва модар

Ин изҳороти Ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбекистон баъди шикояти духтари Гулнора Каримова — Имон аст, ки гуфта буд, ба ӯ иҷозат намедиҳанд, то бо модараш мулоқот кунад.

Имон моҳи июли соли равон хабар дод, ки на ӯ ва на вакили дифои Каримова наметавонанд бо модараш вохӯранд.

Гулнора бо шавҳараш Мансур Мақсудӣ

Гулнора Каримова аз баҳори соли 2019 дар маҳбаси Зангиота нигаҳдорӣ мешавад. Додгоҳи олии Узбекистон моҳи марти соли 2020 хабар дода буд, ки Каримова ба 13 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ, азхудкунӣ, қонунигардонии пулҳои аз роҳи ғайримашруъ ба даст омада айбдор дониста шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *