Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Духтури сарҳадбонон порахӯр будааст…

Мирзоев аз модари сарбоз барои додани хулосаи номуносиб дар мавриди адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фаридун Мирзоев, ҷарроҳи Шифохонаи марказии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро дар пулгирӣ аз модари сарбоз муттаҳам мекунад, хабар додааст “Спутник”
Тибқи иттилои Ожонс, Мирзоев Фаридун, дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба тамаъҷӯӣ задааст.
Ожонс мегӯяд, Мирзоев аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб дар мавриди адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, 20 ҳазор сомониро талаб кардааст.
“Аз ин маблағ 1 ҳазор доллари ИМА ва 2 ҳазор сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8 ҳазор сомониро талаб намуд”, – омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Мирзоев пас аз гирифтани 8 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Дар ин хусус нисбати Мирзоев бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ парванда оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишот барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда Мирзоев дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷониби хизматчӣ бар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндонро дар пай дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.