Душанбе имрӯз боз гармтар мешавад

Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошад ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *