Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Душанбе шаҳри баландошёнаҳо мешавад


Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шаҳноз Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе тахриби биноҳои аз 2 то 4-ошёна оғоз шудааст.

Раҳматуллозода гуфт ба ҷойи биноҳои пастошёнаи тахрибшаванда, биноҳои аз 9 то 18-ошёна сохта ба истифода дода мешаванд.Дар ин бора сомонаи “Спутник”хбар додааст.

«Бо назардошти он, ки 93% ҳудуди ҷумҳурии моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мақсади сарфаи замин қарор қабул карда шуд, ки асосан биноҳои баландошёна сохта шаванд. Дар ҳоли ҳозир, дар пойтахти ҷумҳурӣ аз ду то чорошёнаҳои истиқоматӣ тахриб карда мешаванд ва ба ҷои онҳо биноҳои муосир бо баландии аз 9 то 18 ошёна сохта мешаванд. Дар Душанбе сохтмони биноҳои 25-30-ошёна дорои аҳамияти маъмурӣ ва ҷамъиятӣ оғоз ёфтааст», — гуфт вай.

Тавре Раҳматуллозода афзуд, дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд. «8 сол пеш дар Тоҷикистон Кодекси шаҳрсозӣ қабул карда шуд, ки он ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва дигар соҳаҳои меъморӣ ва сохтмонро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад. Дар баробари ин, зиёда аз 1500 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва техникӣ  ҳалли масъалаҳои техникӣ ва масъалаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар Тоҷикистонро фаро мегиранд», — афзуд муовини раиси кумита.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj