Дустум аз тариқи Ӯзбекистон ба Афғонистон баргашт

Раҳбари ҷамъияти узбекҳои Афғонистон, маршал Абдулрашид Дӯстум пас аз табобати тӯлонӣ дар Туркия ба ватан баргашт, хабар медиҳад хабаргузории Фарғона бо истинод ба TOLOnews. Дӯстум дар нимаи дуюми моҳи июн Афғонистонро тарк кард. Баъзе расонаҳоро рафтани ӯ ба ҳайрат овард, зеро ҳамзамон ҳамлаи густурдаи ҳаракати радикалии Толибон (дар Тоҷикистон ва дар бисёр кишварҳои дигар мамнӯъ) дар вилоятҳои гуногун, аз ҷумла дар шимол, ки дар он ҷо узбекҳо дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд, оғоз ёфт. Ҳамзамон бо истинод ба намояндагони расмии маршал хабар дода шуд, ки Дӯстум бо як сафари расмӣ ба Туркия рафтааст ва аз рӯи нақшаи муолиҷа мегузарад – ӯ мушкилоти ҷиддии диабети қанд дорад. Дар солҳои 90 -ум Дӯстум артиши худро раҳбарӣ мекард, ки дар мубориза бо Толибон нисбатан муваффақ буд. Маҳз ӯро артиши ИМА ҳангоми ҳамлаи худ ба Афғонистон дар соли 2001 дастгирӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *