Дузде,ки қариб сӣ хонаро ғорат карда буд, дастгир шуд

  Ба мақомоти милитсияи шаҳри Бӯстон муяссар гардид, ки пеши роҳи дузди корозмӯдаеро бигарад, ки аз чапдастиҳои ӯ соҳиби 24 манзили истиқоматӣ ва 1 мағозаи хӯрокворӣ зарар дидааст.

Шаҳрванд Азимов Назим Юсуф-уғлӣ соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон танҳо дар ду ҳолат баъди ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ аз онҷо дасти холӣ баромадааст. Дар боқимонда 23 ҳолати ҷиноятӣ дар баробари пули нақду тилловорӣ, ашё ва таҷҳизоти маишии техникиро тасарруф кардааст. Зарари ба шаҳрвандон расонидашуда дар умум аз 150 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дуздиҳо аз моҳи ноябри соли 2019 инҷониб то лаҳзаи боздошт гардидани гумонбаршуда, моҳи ноябри соли 2020, асосан шабона содир шудаанд. Сокинони маҳаллаҳои Ғалаба, Носири Хисрав, Мирсаид Миршакар, Раҷаб Қурбонов, Мирзо Турсунзода ва аз ҳама бештар Маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон аз чапдастиҳои Азимов Назим Юсуф-уғлӣ зарар дидаанд.
Пеш аз ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ гумонбаршуда дар дами дарвоза соҳибони хонаро овоз дода даъват мекард, агар касе даъватро шунида наздаш меомад бо ҳар баҳона дур мешуд. Дар акси ҳол яъне агар соҳибхона ҷавоб намедод маънои онро дошт, ки дар хона касе нест. Роҳи воридшавиро пайдо намуда, ба мақсад мерасид.
Гумонбаршуда Назим Юсуф-уғлӣ бе тайёрии пешакӣ бо услуби интихоби тахминӣ манзилҳои истиқоматиро ҳадаф қарор додааст. Ҷабрдидаҳои пулу молашон тасарруфшуда ҳавлинишинҳо ва ҳам сокинони баландошёна мебошанд.

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон дер боз барои пайдо намудани яғмогар корбарӣ менамуданд. Дар натиҷа масъулини шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи мазкур ӯро зимни дуздии навбатӣ ғофилгир ва назди қонун сархам намуданд. Ба даст афтодани гумонбаршуда гувоҳи он аст, ки ҷинояткор бе ҷазо намемонад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *