Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд

Кишвардори Озарбойҷон зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии Ҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ баргузор кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, раисони Тоҷикистону Озарбойҷон рӯзи 12 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуданд.

Илова бар ин, вазъи Афғонистон низ аз мадди назари раисиҷумҳурон каонр намонд.
Манбаъ меафзояд, дар робита ба вазъи нохуби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Илҳом Алиев дар рафти суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии ИДМ изҳори нигаронӣ кард.

Котиботи Президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ дар хусуси вазъи ташвишовари Афғонистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки аз вазъият дар марзи ҷанубии ИДМ нигарон аст.

Дар фарҷоми суҳбат, роҳбари давлат Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
Зикр мегардад ки таклифи Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд ва ҳоло муҳлати сафари мушаххас мешавад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.