Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмонро дар Фаронса кӣ пешвоз гирифт? (акҳо)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо қарор дорад. Имрӯз, 13 октябр Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон  дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом  пешвоз гирифта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро котиби давлатии Вазорати Урупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Порис Лоран Пронса истиқбол гирифтанд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта дар макони ифтихорӣ қарор гирифту сипас сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод.

Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони дигари воломақоми ин кишвар дар назар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.