Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ЭмомалӣРаҳмон теъдоди мақомдоронеро, ки бо захираҳои моддии давлат сарукор доранд, афзоиш дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат теъдоди мақомдоронеро, ки бо захираҳои моддии давлат сарукор мегиранд, афзоиш дод

Бо қарори Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон теъдоди кормандони Агентии захираҳои моддии давлатиро 30 дарсад афзоиш дода, 45 нафар муқаррар намуд. Таъкид шудааст, ки шумораи ниҳоии кормандони Агентии захираҳои моддӣ бе ҳайати хизматрасон 45 нафар мебошад. Пештар ин теъдод 34 нафарро ташкил медод.
Таваҷҷуҳ ба Агентӣ ва захираҳои давлатӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли мушкил ҳушдор дода, аҳолиро ба кишти ҳарчи бештар ва захира кардани маводи ғизоӣ даъват намуда буд.

Қаблан Ҳукумат ва парлумон ба Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон иҷозат доданд, ки бархе маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ ва сӯзишвориро бидуни пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ворид намуд. Масъулин ҳадафи ин иқдомро таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзёбӣ карданд.

Ин иқдоми Ҳукумат барои захирасозӣ ва таъмини фарвонию нархи нисбатан арзон дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ мегӯянд. То ҳол аз таъсири ин иқдом ба бозору нарх гузорише пешниҳод нашудааст.
Маъмулан Агентии захираҳои моддӣ дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карда шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.