Эрон ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол мекунад

ЭРОН НИЗ ДАР ҚАТОРИ ДИГАР КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАИ ҶАҲОН ДАР ҶУСТУҶӮИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС АСТ ВА ТО МИЁНАҲОИ СОЛИ ОЯНДА ИН ВАКСИНАРО ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

 Кайҳони Озодманиш, Мудири гурӯҳи таҳқиқоти вирусшиносии институти Постури Эрон афзуд, дониши сохти ваксина дар Эрон қадимӣ аст ва кишвари мо таҷрибаи фаровоне дар ин замина дорад, аммо дар шароити кунунӣ ва бо тавваҷуҳ ба раванди тавлиди ваксинаи корона дар чанд ширкати эронӣ эҳтимолан марҳалаи тавлиди анбӯҳи он то тобистони 2021 тӯл хоҳад кашид,  иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симо.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки агар дар ин муддат аз кишвари дигаре битавон ваксинаро арзонтару беҳтар, бамавқеу ба мизони кофӣ харидорӣ кард, ин корро хоҳем кард, зеро бояд аз ҳар роҳе ки метавонем мушкили кишвару мардумро ҳал кунем.

Муассисоти пизишкии Постур ва Розии Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият доранд.

Дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо эъломи муваффақияти 90 дарсадии ваксинаи ширкати Файзер баъд аз 10 моҳи нигаронӣ аз ҳамагирии корона умедвории мутахассисон ба халосии башар аз корона бештар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *