Эрон ба 39 кишвар маҳдудияти парвозӣ эълом медорад

Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон эълом кард, маҳдудияти парвозӣ аз Эрон ба 39 кишвар вуҷуд дорад

Сухангӯи созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон Муҳаммадҳасани Зибахш, бо баёни инки дар ҳоли ҳозир маҳдудияти парвозӣ ба 39 кишвар вуҷуд дорад, гуфт, ки Парвоз аз мабдаи кишварҳое, ки дар феҳристи шароити вижа қарор доранд, ҳамчунон мамнуъ аст.

Зибахш афзуд, ки кишварҳое, ки дар феҳристи кишварҳои пурхатар қарор доранд, мулзам ба анҷоми тести муҷаддад дар Эрон ва риояти илзомоти вазорати беҳдошт ҳастанд.

Сухангӯи созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон афзуд, ки кишварҳои Ҳинд, Ботсванаӣ, Бразилия, Чехия, Ироқ, Эстония, Ирландия, Лесото, Малавӣ, Муозомбик, Словакия, Африқои ҷанубӣ ва Замбия дар рӯихати кишварҳои бо шароити вижаи дорои савияи англисии вируси корона қарор доранд.

Фаронса, Покистон, Албания ва чанд кишвари дигар дар феҳристи кишварҳои пурхатар бо авҷи боло равии беморӣ қарор доранд, мегӯяд Зибахш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *