Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эътирози мардум: Бинои ҳукуматро тахриб накунед!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан шабакаи “Фейсбук” корбарон аз тахриби биноҳои таърихӣ аз ҷумла бинои собиқи Кумитаи марказӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло шаҳрдорӣ дар он мустақар аст, изҳори нигаронӣ намуданд.

Ҷаъфари Ҷалол дар саҳифааш зери унвони “Ба муҳтарам Ҷаноби Олӣ” чунин қайд намудааст:

“ХОҲИШ ВА ИЛТИМОС АЗ ШУМО МЕНАМОЯМ, КИ БИНОҲОИ ТОЪРИХИИ ПОЙТАХТАМОНРО АЗ ПАРОКАНДАГӢ НАҶОТ БИДИҲЕД!

Душанбеи пешини ба ёдгор мондаро ба поси эҳтироми тамоми мардуми ободкори кишвар, ки гузаштагонашон саҳми арзандае барои бунёдаш гузоштаанд, ва ҳар як хишти бинову кохҳояш хело ҳам барояшон азизу арзишманд аст побарҷо бигузоред,то рӯҳи созандагонаш шод гардад ва роҳату ором хуфта бошанд.
ТАНҲО БА ШУМО УМЕД ДОРЕМ,
АЗИЗТАРИНИ МАРДУМ!”

Инчунин рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо дар гуруҳи “Ахбор барои афкор” аз қарори шаҳрдорӣ нисбати тахриби биноҳои таърихи норозигӣ намуда, мардумро ҳушдор медиҳад, ки:

“Мутмаин бошед, Қасри президент, ки мегӯед шояд чапа шавад ва дигар иншооти бо стандартҳо мувофиқ сохташуда чапа намешаванд. Баъдан, дар кадом шаҳри пешрафта будед? Оё фикр мекунед Амрико ҳоло имкон надорад, ки Қасри сафедро аз нав созад? Таърихашро медонед? Соли гузашта дар ин кишвари абарқудрат будаму ин саволро ба масъулини сатҳи баландаш додам. Гуфтанд, ки наметавонанд, зеро ин таърих аст ва онро бе иҷозаи мардум карда наметавонанд! Воқеан, Президенти ИМА ҳатто як резидентсия надорад! Зеро ин гуна биноҳои пурарзиш, ки мо беҳисоб дорем, аслан аз пули буҷа, яъне мардум сохта мешаванд. Агар ҳукумат мисли мо ба мардум «нописандӣ» кард, медонед дар он давлат чӣ мешавад? Ҳукуматро чапа мекунанд!”

Бояд гуфт, ки чанд сол қабл чунин як бинои таърихӣ — Театри русии ба ними В. Маяковский” тахриб шуд. Ҳарчанд аксари мардум нисбат ба тахриби театр изҳори норозигӣ карда буданд, аммо эътирозҳо ҳеҷ натиҷае надод ва яке аз қадимтарин бинои Душанбе ба хок яксон карда шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.