Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Файласуфи маъруф ва собиқ Вазири фарҳанг бо COVID-19 даст ба гиребон аст

COVID-19: Академик Кароматулло Олимов бистарист. Фарҳод Раҳимӣ ба ӯ дастгоҳи нафаскашӣ фиристод

Академик Кароматулло Олимов, файласуфи маъруфи тоҷик, собиқ Вазири фарҳанги кишвар бо бемории ҳамагири COVID-19 даст ба гиребон аст. Фарҳод Раҳимӣ президенти академияи илмҳои Тоҷикистон ба Кароматулло Олимов дастгоҳи нафасдиҳӣ фиристодааст.

Дар ин бораи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод. Аскар Ҳаким менависад:
“Чанд рӯз пештар ба дӯстам академик Кароматулло Олимов занг зада ҳол пурсидам, бо шӯхиҳои ширине гуфтанд, ки бо COWID-19 дастбагиребон шуда, мағлуб карда истодаам, вазъам беҳтар мешавад ва як шеър дар мазаммати он ҳам хонданд. Гуфтам, ба ман фиристед, ба сафҳаи Фейсбукам мегузорам. Гуфтанд, дастнавис аст, ҳоло имкони чопашро надорам. Гуфтам, боке нест, сурати дастнависро фиристед, ман чоп карда мегузорам. Гуфтанд, шуморо ташвиш додан намехоҳам. Гуфтам, ҳеҷ гап нест, фиристед. Ду-се рӯз гузашт, телефон кардам, ки бипурсам, чаро нафиристодед? Телефонро нагирифтанд. Баъди чанде духтарашон телефон карда гуфтанд, ки ҳолашон хуб нест. Назди ман хешованди духтурам нишаста буданд, ки ин марҳиларо аз сар гузаронида буданд, бо телефон маслиҳатҳои хуб доданд. Ҳоло духтари Кароматулло Олимов ба ман хабар доданд, ки ҳоли падар рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Президенти АМИТ муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, ки роҳбари ғамхоре ҳастанд, дастгоҳи нави нафаскашӣ фиристодаанд.
Умед дорем, ки Худованд ба устод ҳар чи зудтар шифои комил медиҳад. Духтарашон шеъри падарро ҳам ба ман фиристоданд, ки дар зер мегузорам. Дуогӯи шифои устод бошем”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.