Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фаъолони ҳизби “Ҳақиқат ва Тараққиёт” мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Раиси ҳизб тасмим дорад, ки ҳуҷҷатҳояшро рӯзи 7 апрел барои сабти ном ба вазорати адлия супорад.

Гуруҳе аз афроди ношинос даромад ба даҳлези манзили раиси ҳизби навтаъсиси “Ҳақиқат ва Тараққиёт”-и Узбекистон, профессор Хидирназар Аллақуловро бастанд.
Аллақулов гуфт, ин гуруҳ тақрибан аз 20 нафар иборат буд ва аз вай хостаанд, ки дафтари ҳизбашро бандад ва фаъолияти сиёсиро қатъ кунанд.
Рӯзи 31 март ду шахи ношисон ба фаъолони ҳизби “Ҳақиқат ва Тараққиёт” дар назди бинои ҳизб ҳамла ва ҷевонҳои ҳизбро шикастанд.
Аллақулов гуфт, сарфи назар аз ин ҳамлаҳо, ҷамъоварии имзо барои бақайдгирии ҳизб идома дорад. Раиси ҳизб тасмим дорад, ки ҳуҷҷатҳояшро рӯзи 7 апрел барои сабти ном ба вазорати адлияи Узбекистон супорад.
Аллақулов гуфт, бо сабти номи ҳизб, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ номзадиашро пешбарӣ кунад.
Дар Узбекистон расман 5 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудааст. Ҳамаи ин ҳизбҳо ҳукуматгаро унвон мешаванд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон чанде пеш гуфт, ки зидди мавҷудияти ҳизбҳои мухолиф нест. Аммо вай гуфт, бояд шароите фароҳам шавад, ки ҳизбҳои мухолиф дар дохили кишвар ба вуҷуд оянд. Вале дар чаҳор соли роҳбарии Мирзиёев ҳеч ҳизби сиёсие дар Узбекистон сабти ном нашудааст

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.