Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фармони Тихоновская ба Лукашенко

Агар талабот то 25 октябр иҷро карда нашавад, тамоми кишвар ба кӯчаҳо мебарояд.

Сиёсатмадор Светлана Тихановская ба президенти Беларус Александр Лукашенко ультиматум эълон кард. Худи ӯ дар ин бора хабар додааст.

Таври маълум, 9 август дар Беларуссия интихоботи президентӣ баргузор гардид. Тибқи натиҷаҳои расмӣ, Лукашенко онҳоро бурд ва Тихановская ҷои дуввумро гирифт. Пас аз хатми овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Беларус  эътирозҳои оммавӣ оғоз ёфтанд.

Дирӯз Тихановская ба Лукашенко ультиматум пешниҳод кард ва ба вай  13 рӯз фурсат дод, ки истеъфоашро эълон кунад, хушунатро дар кӯчаҳо комилан боздорад ва ҳамаи маҳбусони сиёсиро раҳо кунад. «Агар талабот то 25 октябр иҷро карда нашавад, тамоми кишвар ба таври осоишта ба кӯчаҳо мебарояд. 26 октябр корпартоии миллии ҳамаи корхонаҳо оғоз меёбад, ҳама роҳҳо баста мешаванд ва фурӯш дар мағозаҳои давлатӣ манъ  мераванд. Азбаски шумо интизори фармон будед, пас ин фармон аст. Мӯҳлати он 25 октябр аст ”гуфтааст Тихоновская.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj