Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фармони зиёд шудани стипендияҳо ба имзо расид

Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён фармони то 30 фоиз зиёд шудани стипрендияи донишҷуён ба имзо расид. Дар асоси он стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.
Бар асоси фармони Президент, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин ба стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД дахл надорад.
Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гаштааст, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Эмомалӣ Раҳмон тасмими боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳоро зимни ироаи паёми солонааш изҳор дошта буд.
Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ зиёд карда шавад.
Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи кӯдакони маъюб аз 1 сентябри соли 2021, ки бо қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи суғурта ва нафақаҳои давлатӣ” муқаррар шудааст, то 20% зиёд карда шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.