ФАВРӢ: Дар Душанбе тарабхонаи «Яккасарой» оташ гирифт

Чанд лаҳза пеш дар шаҳри Душанбе тарабхонаи машҳури «Яккасарой» оташ гирифт.

То ҳол дар бораи сабабҳои оташ гирифтани ин тарабхона, ки дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, назди дарёи Душанбе ҷойгир аст, маълумот дар даст нест.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар дар тамоси телефонӣ бо Pressa.tj изҳор доштанд, ки дар ҷои воқеа намояндагони ниҳоди оташнишонӣ ҳузур доранд.

Мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ фавран ба ҷойи ҳодиса расидаву аз пайи хомӯш кардани оташанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Virkani Vatandust 07.01.2022 22:18

    Дар коми оташ ё дар доми оташ?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.