Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сармураббии испанӣ аз каронавирус фавтид

Мураббии бошгоҳи футболи «Атлетико Портада Алта» -и Испания Франсиско Гарсия бар асари бемории коронавирус ҷон бохт. Дар ин бора Тв Варзиш дар такя ба портали «Marca» хабар медиҳад.

Тибқи хабаргузории маҷаллаи Marca, мутахассиси 21 сола якчанд рӯз пеш аз мубталошуданаш ба ин беморӣ хабардор гардида буд. Сармураббии ҷавон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Малага ҷони худро аз даст додааст. Ёдовар мешавем, ки Гарсия вазифаи мураббигии кӯдакони бошгоҳи мазкурро ба зимма дошт. Инчунин, чанде пеш аз маргаш, ӯ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ҳатто бо наздиконаш муошират мекард.

Дар айни ҳол сироятшудагони коронвирус дар Испания ба 9191 нафар расидааст, ки аз ин шумора 309 нафарашон фавтидагон мебошанд.

Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи коронавирусро ҳамчун дунёгир эътироф карда буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.