Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фоҷеа дар Деваштич, 6 кас аз як оила вафот кард

Рӯзи 17 май бар асари лағжидан ва ба болои хонаҳо фурӯ рафтани як теппа дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳамаи қурбониён аз як оила буданд.
Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Деҳаи Дархон (собиқ Янгиариқ) аз маркази ҷамоат 5 км ва аз маркази ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ 34 км дуртар ҷойгир шудааст. Дар Дархон ҳудуди 3 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолии Дархонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Хабари ҳалокати 6 сокини деҳаи Дархон бар асари лағжидани теппа дар ҳолест, ки дар нимаи аввали моҳи май Тоҷикистон шоҳиди як силсила селҳои харобиовар ва дигар офатҳои табиӣ шуд.
Рӯзи 6 май бара сари кӯчидани як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навобод дар ноҳияи Хуросон 15 хона ва ҳудуди 100 гектар замини кишт ба зери хок рафт.
Рӯзи 11 май селҳои харобиовар сабаби марги 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар Кӯлоб, 3 нафар дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва якнафарӣ дар Ҳисору Вахшу Кӯшониён шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.