Фоҷиа дар Кемерово: 52 кас ҷон бохт.Мотами миллӣ дар Русия

Субҳи 25 ноябр дар кони «Листвяжная» — и вилояти Кемерово аз қаъри замин дуд баромад, он замон 285 нафар дар дохили кони маъдан буданд. Сабаби ҳолати фавқулода, тибқи маълумоти пешакӣ, таркиши метан будааст.

Мард як шабонарӯз дар кони маъдан монда буд, ҳоло ӯ дар ҳолати шокӣ қарор дорад

Аксари коргарон ба зудӣ интиқол дода шуданд, наҷотдиҳандагон барои баровардани дигар кормандон рафтанд, вале пас аз чанде онҳо ба далели хатари таркиш бозхонда шуданд. Дар натиҷаи фоҷиа дар кони маъдани Кузбасс 52 кас ҷон бохт.

Яке аз наҷотдиҳандагон, ки эҳтимол мерафт дар кони «Листвяжная» дар Кузбасс ҷон додааст, зинда ёфт шуд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси вазорати ҳолатҳои изтирорӣ Александр Чуприян.

Чуприян қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир дар маъдан се шӯъбаи наҷотдиҳӣ кор мекунанд, ки аз 17 нафар иборатанд.

«Хабар ҳаст, ки ҳамин афрод як нафарро зинда пайдо кардаанд», — гуфт Чуприян.

Тибқи иттилои ситод, ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад.

Наҷотдиҳанда, ки беш аз як рӯз зери харобаҳо буд, худаш ба назди наҷотдиҳандагон баромад. Ӯ дар ҳолати шокӣ аст ва феълан дар беморхона қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки марди наҷотёфта Александр Заковряшини 51-сола, ёвари фармондеҳи взводи наҷотдиҳӣ аст.

Субҳи 26 ноябр мақомот бо Заковряшин видоъ кард ва ӯро пас аз марг бо ордени «Барои шуҷоат» қадрдонӣ намуд.

Қаблан наҷотдиҳандагон ҷасади 6 касро — се конкан (шахсияти ду нафари онҳо маълум шуд) ва се наҷотдиҳанда, ки то ҳол ному насаби онҳо маълум нест, бароварданд.

Дар байни онҳо 46 нафар конканҳо ва 6 нафар наҷотдиҳандагон ҳастанд. Феълан 49 нафар дар беморхонаҳо бистарианд.

Дар вилояти Кемерово аз 26 то 28 ноябр мотам эълон шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.