Фоҷиаи мудҳиш дар Некноти Панҷакент, се кӯдаку як модар дар ҳалқаи дор…

Шаҳло Шодиева ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини 30-солаи деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.

Сокинони деҳаи Некнот дар шаҳри Панҷакент рӯзи 10-уми апрел дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки «ба дарахтҳо овезон буданд». Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд, аммо раиси деҳа гуфт, «ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд».
Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Некнот, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шодиева ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола Аминаи 8-моҳа – будааст.
Мусоҳибони мо гуфтанд, Шаҳло Шодиева ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини 30-солаи деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.
«Имрӯз дар Некноти Боло тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд», — гуфт яке аз сокинон.
Ҳанӯз хулосаи мақомот дар ин замина эълон нашудааст. Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар ва ё тасдиқи расмӣ дар инҷо нашр мекунем.
Дар ҳамин ҳол, Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот, ҳодисаро тасдиқ кард ва шоми 10-уми апрел гуфт: «Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем.»
Ҷое, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар онҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондааст.
Мақомот то ба ҳол дар ин бора иттилоъ надоданд, вале ба гуфтаи раиси деҳа, «намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ташхиси тиббию додгоҳии шаҳри Панҷакент ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд».
Ҷузъиёти бештари ҳодиса ва сабабҳои он маълум нест.
Сокинони Некнот мегӯянд, ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнаҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.
Касби хонаводагии онҳо дар гузашта чӯпонӣ ва ҳоло деҳқонӣ будааст. Падарарӯси Шаҳло Шодиеваро дар деҳа ҳамчун Азизпаҳлавони чӯпон мешинохтаанд. Ба қавли раиси маҳалла боре ҳам сокинон аз нооромӣ ё ҷанҷол дар хонавода хабар надодаанд. Аз «озодӣ» (Хабар такмил мешавад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *