“Фурӯғи субҳи доноӣ”, киҳо ғолиб шуданду кӣ чанд пул гирифт…

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон исми ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро нашр кард. Дар 5 номинатсия ба ғолибан аз 20 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза супурданд. Шоҳҷоизаи озмунро бо 60 ҳазор сомонӣ Раъно Насриддинова аз Панҷакент ба даст овард. Вазорати маориф ҳамчунин ба 100 иштирокчии фаъол ба маблағи 1000 сомонӣ ҷоиза дода, бо пешниҳоди вазири маориф ба 6 иштирокчии роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба мактабҳои олӣ дода шуд. Ҳамчунин бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин, 17-уми декабри соли равон барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар – Рухшона Норова – хонандаи синфи 8, Раъно Насриддинова – хонандаи синфи 11 (ҳарду аз шаҳри Панҷакент), Сарфарозиддин Иморуддинов – омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова – омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ ва Нӯшофарин Хидирова – омӯзгор аз шаҳри Истиқлол иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи 5 номинатсия санҷида шуд.
Нимаи аввали 18 декабри соли равон як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Шоми 18 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки озмуни имсола аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба се гурӯҳ – миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Норова (хонандаи синфи 8, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода (ноҳияи Айнӣ), Саидамир Боқиев (шаҳри Душанбе), Шукрона Хуҷамқулова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода (ноҳияи Данғара), Меҳронаи Абдулло (ноҳияи Ховалинг) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Сарвиноз Саидова (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова (шаҳри Хуҷанд), Сулаймони Аҳтам (ноҳияи Тоҷикобод), Султон Каримов (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева (шаҳри Бохтар), Шаҳло Ёрмухамедова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Сарфарозиддин Иморуддинов (омӯзгор, шаҳри Хуҷанд) соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ (шаҳри Бӯстон), Сиратулло Зоиров (шаҳри Душанбе), Дилафзун Раҳмонова (шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева (ноҳияи Мастчоҳ), Меҳринисо Сатторова (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи аввал Диплом ва маблағи 30 000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Бобозода (хонандаи синфи 11, ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода (шаҳри Душанбе), Наргис Абдуллоева (шаҳри Ҳисор), Гулзода Шералиева (ноҳияи Айнӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарипов (шаҳри Душанбе), Зебунисои Азизиён (ноҳияи Деваштич) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шероз Бобохонов (донишҷӯи курси 2, ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова (шаҳри Душанбе), Парвина Самандарзода (шаҳри Душанбе), Мадина Зоирова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Моҳинов Аҳмадзода (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи дуюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Гулбаҳор Раҳимова (омӯзгор, ноҳияи Мастчоҳ) соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор (ноҳияи Муъминобод), Азамат Шамсиддинова (шаҳри Душанбе), Бахтинисо Низомова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаев (ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), Хайрулло Ғафуров (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Шоина Мабатқадамова (хонандаи синфи 5, ВМКБ) соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова (ноҳияи Ҳамадонӣ), Сурайё Саидзода (шаҳри Душанбе), Нигора Раҳмонова (ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова (шаҳри Истаравшан), Мутриба Қурбонова (шаҳри Ваҳдат) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Фарзона Восиева (донишҷӯи курси сеюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Сайёҳат Маҳмадавлатова (ноҳияи Данғара) соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева (шаҳри Бохтар), Малика Мавлонова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Фарзона Темурзода (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов (шаҳри Бохтар), Тоҷинисо Давлатова (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Нозанин Саидзода (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин (шаҳри Душанбе), Самина Саидова (шаҳри Душанбе), Сайидо Шарапов (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова (шаҳри Хоруғ), Муродҷон Бойсаризода (шаҳри Исфара) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шабнам Одинаева (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе), Хуршед Қурбонов (шаҳри Кӯлоб) соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова (шаҳри Душанбе), Нодира Ханҷарова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаджонова (шаҳри Левакант), Дилбар Тошматова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Нӯшофарин Хидирова (омӯзгор, шаҳри Истиқлол) соҳиби ҷойи якум, Рузигул Боякова (шаҳри Душанбе), Олга Ҷӯраева (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Маликахон Очилова (ноҳияи Дӯстӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов (ноҳияи Данғара), Зумрад Абдуллоева (шаҳри Ҳисор) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назарова (корманди нашрияи “Зарафшон”, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова (шаҳри Душанбе), Шаҳноза Пирова (шаҳри Норак) соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибова (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон соҳиби “Шоҳҷоиза”-и “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 Раъно Насриддинова (хонандаи синфи 11, шаҳри Панҷакент) гардид. Ба ғолиби “Шоҳҷоиза” Диплом ва 60000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар иштирокчии фаъоли озмун ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд ва бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Дар охир Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.