Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Футболи 19-солаҳо: Тоҷикистон & Ӯзбекистон 4:1

Мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бозии рафиқонаи дуюми хешро бар зидди ҳамтоёни худ аз кишвари Ӯзбекистон баргузор намуданд, ки бозӣ ба ҳисоби 4:1 ба фоидаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо натиҷаи калони 4:1 ба суди мунтахаби мо хотима ёфт.

Аз ҳайати тими миллии кишвар голҳоро Абдулмумин Забиров (аз пеналти), Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд. Қаблан мунтахаби кишвар дар бозии нахустини дӯстона, ки рӯзи 3-юми сентябр баргузор шуда буд, бо ҳисоби 1:0 дучори бохт шуда буд. 

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Ӯзбекистон (U-19) – 4:1
Голҳо: 

Абдулмумин Забиров, 33 – аз пеналти (1:0). Салам Ашурмамадов, 40 (2:0). Рустам Соиров, 83 (3:0). Улуғбек Ҳошимов, 87 (3:1). Сунатулло Исмоилов, 90+1 (4:1).

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.