Футболи байни Тоҷикистону Эрон

Тимҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, дар Душанбе бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тимҳои миллии наврасону ҷавонони Эрон аз 21-ум то 28-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҳузур хоҳанд дошт. Бозиҳои дӯстона миёни футболбозони ҷавони ҳарду кишвар дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Нахуст дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон рӯзи чоршанбеи 23-юми декабр рақобат хоҳанд кард. Баъдан бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ин ду кишвар рӯзи панҷшанбеи 24-уми декабр сурат мегирад.
Ду бозии дигари дӯстона рӯзи шанбеи 26-уми декабр миёни тимҳои мунтахаби наврасон ва рӯзи якшанбеи 27-уми декабр байни мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон доир мегардад.
Тимҳои миллии наврасону ҷавонони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.
Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё (U-16), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Умон, Яман ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳанд кард.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бошад, дар қаҳрамонии Осиё (U-19), ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.
Ҷадвали бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
24 декабр (паҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
27 декабр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *