“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” шиори президентҳо шуд?

“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” шиори президентҳо шуд? Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ахиран бо сафари расмӣ аз Узбекистон боздид ва бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард. Ин бори чандум аст, ки раҳбарони ду кишвар вақтҳои ахир бо ҳам мулоқот карда, аз ҷумла, вазъ дар кишвари ҳамсоя — Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Туркманистон ва Узбекистон нисбат ба Афғонистон мавқеи ягонаро пеш гирифта, бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла масири тиҷорӣ тавассути он кишвар таваҷҷуҳ мекунанд. Мулоқоти раҳбарони ду кишвар рӯзи 5-уми октябр маълум кард, ки онҳо кумак ба «мардуми Афғонистон»-ро идома медиҳанд. Мирзиёев гуфт, аз вазъи Афғонистон «рушди устувор ва амнияти минтақа хеле вобастааст». Ҳадаф аз «рушди устувор» лоиҳаҳое ҳастанд, ки ҳам Узбекистон ва ҳам Туркманистон аз онҳо манфиатдоранд. Барои Ишқобод иҷрои лоиҳаи бунёди лулаи гази Туркманистон — Афғонистон — Покистон — Ҳиндустон, ки 1800 километр дарозӣ дорад, солона 33 миллиард метри мукааб газро интиқол медиҳад, муҳим аст. Иҷрои ин тарҳ ба далели ноамнӣ дар Афғонистон ба таъхир афтодааст. Узбекистон ҳам давоми 5 соли охир дар лоиҳаҳои зербиноии Афғонистон, ки ду кишварро ба ҳам мепайванданд, пулҳои зиёд харҷ кардааст. Як қатор лоиҳаҳо ҳанӯз ба поён нарасидаанд. Аз ҷумла, роҳи оҳан ва хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, ки барои Узбекистон муҳиманд. Мирзиёев аз моҳи июли имсол то ҳол ду бор бо сарвазири Покистон мулоқот карда, дар ҳар ду вохӯрӣ бунёди роҳи оҳан тавассути Мазори Шарифи Афғонистон то Пешовари Покистонро баррасӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *