Ҳарчанд Гагарин метавонист дар зери партави шуҳрати худ зиндагии хушу хуррам дошта бошад, аммо ӯ чун лётчики ҳарбӣ буд ва аз парвоз даст намекашид.

Имрӯз ба парвози аввалини инсон ба кайҳон 60 сол пур мешавад. Шояд насли ҷавон дар бораи ин инсон камтар донанд,зеро пас аз пошхурии Шӯуравӣ дар бораи кайҳоннаварди аввалин кам менависанд.

Юрий Гагарин…Нафаре буд, ки аввалин шуда, ба кайҳон парвоз кард.Ӯро бисёриҳо дар вақташ ҷасуртарин одами сайёра гуфта буданд, зеро аввалин шахсе буд,ки атмосфеари заминро тарк карда, ба кайҳон қадам гузоштааст. Тавре минбаъд тадқиқотчиёни кайҳон собит намудаанд, парвози аввалин инсон ба какйҳон бо чандин хатарҳо вобаста буд.

Он замон шонси зинда мондани Гагаринро хеле камтар аз 50 % гуфта буданд ва Гагарин инро медонист .Аммо таҳти роҳбарии ихтироъкори ракетаҳои шӯравӣ академик Королёв ба парвоз розӣ шуд Ҳарчанд парвози ӯ ҳамагӣ каме бештар аз як соат идома дошт, аммо ин роҳи кайҳоннавардони ояндаро боз намуд. Пас аз парвози муваффақонаи Гагарин, ки 12 апрели соли 1961 сурат гирифт, дар ҷаҳон мавҷи номмониҳои аҷиб сар шуд.

Дар як қабилаи африқоӣ ному фамилияи Гагаринро фарқ накарда, ба писараке,ки дар ҳамон руз таваллуд шуд,Гагарин ном кардаанд ва ҳоло ин Гагарини сиёҳпуст ба 60 даромад. Дар Шуравӣ бошад, дар он руз ҳазорон Юраҳо таваллуд шуданду миллионҳо мактаббачагон орзӯи кайҳоннавард шуданро мекарданд. Пас аз парвоз Гагарин машҳуртарин шахси сайёра шуд ва кишварҳои гуногун ӯро ба меҳмонӣ даъват мекарданд.

Бо сарварони давлатҳои бузург вомехурд. Аз ҷумла ,маликаи Англия Гагаринро бузургтарин шахси сайёраи Замин гуфта буд . Ҳарчанд Гагарин метавонист дар зери партави шуҳрати худ зиндагии хушу хуррам дошта бошад, аммо ӯ чун лётчики ҳарбӣ буд ва аз парвоз даст намекашид. Хулоса , ҳукуматдорони замон натавонистанд ӯро эҳтиёт кунанд.

Юрий Алексеевич Гагарин пас аз парвоз дар тайёраи ҳарбӣ 27 марти соли 1968 ба садама дучор шуда, ҳалок гардид. То ҳол марги мармузи ӯ,ки лётчики ботаҷриба буд, тадқиқотчиёни зиндагиномаашро ором намегузорад. Ӯ ҳамагӣ 34 сол дошт…
А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *