Гар шиновар нестӣ… ҷасади духтари 17- сола аз Вахш пайдо шуд

Ҷасади духтари 17-сола як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.

Ӯро як ҳафта кофтанд. Билохира пайдояш карданд. Баъди ҷустуҷӯҳои якҳафтаина ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.

Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар дод.

Бино ба гузориши манбаъ, ҷасади духтар, тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август, пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор будааст.

«Ӯ рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Вахш, дар мавзеъи Сари пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён ғарқ гардида буд», — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро ҳудудан 1 килеметр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд.

Феълан ҷасади духтари ҷавон барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *