Газ қиммат мешаваду арзон не. Чаро?

Соли гузашта арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл якбора боло рафта, ҷаҳиши нарх 65% -ро ташкил дода буд.

Даҳ понздаҳ руз пештар нархи гази моеъ барои як литр 4 сомонӣ буд ва ҳампа гумон дошҳтанд,ки паст шудани шиддати пандимея ва зиёд шудани воридот нархи он паст мешавад. .
Аммо аз нимаи моҳи феврал сар карда арзиши он баръакс, боло рафт ва имрӯз барои як литр ба 4,50-60 сомонӣ расидааст, мегуяд “Спутник”.

Соли гузашта арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл якбора боло рафта, ҷаҳиши нарх 65% -ро ташкил дода буд.
Он замон гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 3,8-4 сомонӣ барои як литр боло рафт.
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ зиёда аз 420,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар буд.
Дар моҳи октябри соли равон мақомоти Қазоқистон содироти гази моеъ бо роҳи автомобилгардро ба муддати се сол манъ карданд.
Аммо, ин ба бозори Тоҷикистон таъсир накард, зеро воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ аз хориҷ танҳо тавассути роҳи оҳан сурат мегирад.
Он замон ноиби президенти Иттиҳоди мустақили сӯзишворӣ Дмитрий Гусев қайд кард, ки дар зимистон бояд ҷаҳиши ночизе ба амал ояд, зеро талаботи истеъмолкунандагон дар давраи хунукӣ хеле зиёд мешавад.
Дар Тоҷикистон тақрибан 60% ронандагон газро ҳамчун навъи асосии сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *