Генерал Хайруллоев аз вазифа барканор шуд

Генерал Хайруллоев аз вазифа баркнор шуд Бо амри президенти Тоҷикистон, Хайруллоев Тоҳир Шералиевич аз вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Дар амр далели барканории Тоҳир Хайруллоев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” зикр шудааст. Генерал Тоҳир Хайруллоев, ки қаблан дар мақомоти низомии Тоҷикистону Русия кор мекардааст, писари Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа ва ёрдамчии президенти Тоҷикистон мебошад. Шералӣ Хайруллоев, ки ҳозир 71 сол дорад, моҳи ноябри соли 2013 баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ин мақом барканор шуд. Баъдан 25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ таъйин шуд. Солли 2019 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *