Генерал Зас дар Қалъаи Хумб

Сафарро ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил кардааст

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, рӯзҳои 23-24 апрел Станислав Зас аз қисматҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Калайхумб ва Шӯрообод дидан кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дабири кулли СААД бо ташкили зерсохтори марзӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд.
Дабири кулли СПАД аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда дидан кардааст.
Гуфта мешавад, ин сафарро ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 27-29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои амнияти низомӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро баррасӣ мекунанд .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *