Горбачёви 90 — соларо депутатҳо ба суд додан мехоҳанд

Горбачёв қонунҳои СССР-ро мустақиман вайрон кард ва худ аз худ маълум аст, ки ин кори ҷиноятӣ аст.

Ба гуфтаи як вакили Думаи давлатии Русия , онҳо Михаил Горбачувро ба суд доданианд. Евгений Федоров, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба буҷа ва андоз дар ин бора дар мусоҳиба бо радиои «Москва мегӯяд» гуфт.

“На танҳо ман, балки ду миллион шаҳрванди Русия барои бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ ба суд муроҷиат кардаанд. Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки соли 1991 қонунгузорӣ вайрон карда шуд. Гап дар сари он аст, ки Горбачёв хуб аст ё бад, балки ӯ қароре қабул кард, ки ба ин ҳақ надошт. Биёед бигӯем, ки ӯ мақомоти ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравиро барҳам дод. Масалан, Суди Олиро, ки он тавре ки дар Конститутсия омадааст, ҳаққи барҳам доданро надошт. Ё портфели ҳастаиро (ядерний чемодан) –ро ба шахси бесалоҳият-Елсин супурд .

Горбачёв хатои Лукашенкоро гуфт

Горбачёв қонунҳои СССР-ро мустақиман вайрон кард ва худ аз худ маълум аст, ки ин кори ҷиноятӣ аст. Аммо он чизе, ки барои мо муҳим аст, на муҷозоти Горбачёв, балки бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ ва бо ёрии ин, ба роҳ мондани муносибатҳо бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз нуқтаи назари қонун мебошад” гуфтааст Фёдоров. Қаблан, соли 2014 вакилони якчанд фраксияи Думаи давлатӣ ба прокурори генералӣ Юрий Чайка дархост омода карданд, ки амалҳои президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёвро дар давраи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тафтиш кунад.

Бояд гуфт, ки имрӯз аввалин ва охирин президенти СССР Михаил Сергеевич Горбачёв ба синни 90- солагӣ расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *