Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гуфтугӯи телефонии вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Беларус

Масъалаи  пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19 дар меҳвари суҳбати телефонии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларус Владимир Караник қарор гирифт.

 Маркази матбуоти вазорати мазкур 16 май иттилоъ дод, ки бо назардошти вазъи кунунии ташвишовари бемории COVID-19 дар ҷаҳон вазирони тандурустии ду кишвар зарур донистанд, ки дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин вирус ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19, бистаринамоии беморон ва ташкили видеоконфронсҳоро бо иштироки мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади омӯхтани таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони як зумра давлатҳо ва намояндагони созмону ташкилотҳои марбута, аз ҷумла бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов, директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге ва ғайраҳо суҳбати телефонӣ анҷом додаааст”, мегӯяд манбаъ.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.