Гулрӯ Ҷабборзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъин шуд

Имрӯз, 21 январ бо фармонҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ таъин гардиданд.

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳмурод Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Аюбҷон Қодир бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонзода Хайриддин Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Табарӣ Абдулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» озод шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *