Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гунаҳгор кист? Прокуратураи генералӣ парванда боз кард

Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин сохтор
Тафтишот тибқи моддаҳои 395 ва 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар робита ба шиддат гирифтани муноқиша дар марзи ҷумҳурӣ оғоз карда шудааст.
“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, – гуфтааст манбаъ
Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.
Қаблан, прокуратураи Қирғизистон мурофиаи пешакиро аз рӯи моддаи N380 “Ҷиноят алайҳи сулҳ” оғоз карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.