Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хабарнигори “Тоҷикистон” соҳиби ҷоиза шуд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ВАО ва собиқадорони соҳа Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз намояндагони ВАО барои инъикоси саривақтии дастовард ва мушкилоти хоҷагии халқи вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ВАО-ро дар рушди давлату давлатдорӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар аксари рӯзномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳанӯз аксҳои бесифат истифода мешаванд.

—Аксари рӯзномаҳои маҳаллӣ мушкили дизайнерӣ доранд. Дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ рӯзномаҳои давлатӣ фурӯхта намешаванд. Мардум рӯзномаҳои  мустақилро рӯзҳои панҷшанбе харидорӣ мекунанд. Чаро онҳо диққати хонандагонро ба худ ҷалб мекунанду рӯзномаҳои давлатӣ наметавонанд? Муҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ ва вилоятиро зарур аст, ки ба хотири ҷалби хонандагон ба сифати мақолаву хабарҳо диққати ҷиддӣ дода, маводҳои таҳлилиро зиёдтар нашр кунанд. Дар ин рӯз озмуни вилоятии “Неруи сухан 2019” ҷамъбаст гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” Машраби Аловиддин,  хабарнигори “Тоҷкистон” дар вилояти Хатлон сазовори дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ шуд. Ҳамчунин, собиқадорони соҳа ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  бо нишони сарисинагии 100 —  солагии матбуоти тоҷик сарфароз гардиданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.