Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хаста набошӣ бародар, фиреб кардангир, оқибаташ “гӯшаи хилват…”

Ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифту то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар асоси аризаҳои шаҳрвандон, кормандони шуъбачаи 8-уми Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон, Туразода Зиёратшои Ҳайдарқул, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониёнро, ки пеш бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

. Муайян карда шуд, ки Туразода Зиёратшо дар бозорҳои фурӯши автомобилҳо, воқеъ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Восеъ, худро фурӯшандаи автомашинаҳо муаррифӣ намуда ва тӯли чанд вақт ба мардумфиребӣ машғул гаштааст.

Бо шаҳрванд Андалиев Искандар, сокини ноҳияи Данғара, дар бозори фурӯши мошинҳои деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ вохӯрда, автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганза»-ро 17000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, ба номбурда 2000 сомонӣ пардохт карда, ваъда медиҳад, ки маблағи боқимондаашро баъди 3 рӯз пардохт менамояд.

Аммо Туразода бидуни огоҳ намудани соҳибмулк автомашинаро ба дигар шахс ба маблағи 9000 сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Ба ин монанд гумонбар бо роҳи фиреб ба боварии Боиров Маъруфҷон, сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин аз сокини ноҳияи Кӯшониён Юнусов Давлатхӯҷа автомашинаи тамғаи «Ласети»-ро 44000 сомонӣ нарх карда, ба номбурда маблағи 4000 сомонӣ дода, ваъда кардааст, ки маблағи боқимондаашро дар рӯзҳои наздик бармегардонад, аммо автомашинаро ба дигар шахс фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсияш сарф кардааст.

Туразода Зиёратшо бо ин кирдорҳои ҷинояткоронааш ба шаҳрвандон зарари молии махсусан калон расонидааст.
Дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Туразода Зиёратшо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.