Хазинаи суғуртаи пасандозҳо: Муштариёни «Тоҷиксодиротбонк» пулатонро гиред, «Агроинвестбонк» тоқат кунед…

Пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ вобаста ба маҳалли зисти худ ба саридора ё филиалҳои “Ориёнбонк” муроҷиат кунанд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хабар дод, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз 23 июн оғоз ёфтааст. Ин пардохтҳо тавассути саридора ва 32 филиали ҶСК “Ориёнбонк”, ки ба ҳайси бонк-агент интихоб шудааст, амалӣ карда мешаванд. Аз пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” ё намояндагони қонунии онҳо хостаанд, ки барои гирифтани ҷубронпулӣ вобаста ба маҳалли зисти худ ба саридора ё филиалҳои “Ориёнбонк” муроҷиат кунанд. Пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчунин хабар дод, ки барои пардохти ҷубронпулӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ба сифати бонк-агент “Амонатбонк” интихоб шудааст. Вале, ба гузориши Хазинаи суғурта, ба сабаби зиёд будани шумораи муштариёни “Агроинвестбонк” таҳияи асноди онҳо ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст ва ба ин далел, санаи шурӯи пардохти ҷуброн ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ҳанӯз эълон нашудааст.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гуфт, дар умум бояд ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 215 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ин ин бузургтарин пардохти ҷуброн дар таърихи бонкҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале хазина ҳамаро итминони хотир дод, ки тавони пардохти ин маблағи бузургро дорад ва он сари вақт ба ҳисобҳои ду бонки агент гузаронда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, аз ин ба баъд фаъолияти ин ду ниҳоди молиявро мудирони махсус пеш хоҳанд бурд.
Дар ду иттилоияи алоҳида бо матни тақрибан ҳамсони шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ гуфта мешуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо вуҷуди кумакҳои молиявии ҳукумат натавонистанд вазъи молиявии худро беҳтар ва фаъолияти устуворашонро таъмин кунанд. Ва як силсила камбудиҳое, ки табиати системавӣ гирифтаанд, аз ҷумла “мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (ва ҶСК “Агроинвестбонк”) аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.”

Бонки миллии Тоҷикистон 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонки дигари гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд.
Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард.
Бонки миллӣ гуфт, як қисми пасандозҳои 6 ҳазор амонатгузори “Тоҷиксодиротбонк” ва тақрибан 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк” аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт хоҳад шуд. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба дунбол хабар дод, ки аз ҳисоби Хазина маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ танҳо то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 000 сомонӣ пурра ҷуброн карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ www.idif.tj дастрас намоед.
Рӯйхати филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” амалӣ карда мешавад

№ Бахш Минтақаи ҷойгиршавӣ Суроға
1 Саридора ш.Душанбе н. И.Сомонӣ хиёбони Рӯдаки, 95/1
2 Филиал ш.Душанбе н. Шоҳмансур ш. Душанбе, кӯчаи Дӯстии халқҳо 15
3 Филиал ш.Душанбе н. Сино ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77
4 Филиал ш.Душанбе н. Сино ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 3/3
5 Филиал ш.Душанбе н. И.Сомонӣ ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 110
6 Филиал Хатлон ш. Кӯлоб кӯчаи Пушкина 7
7 Филиал Хатлон н. Ҳамадонӣ кӯчаи И. Сомонӣ 8/1
8 Филиал Хатлон н. Сарбанд кӯчаи Борбад 21
9 Филиал Хатлон н. Норак шаҳри Норак, кӯчаи С.Ниёзов б/р
10 Филиал Хатлон н. Муъминобод кӯчаи И.Сомонӣ -40
11 Филиал Хатлон н. Данғара шаҳри Данғара, кӯчаи Марказӣ 28
12 Филиал Хатлон н. Бохтар кӯчаи Мирзоқодиров 3а
13 Филиал Хатлон н. Ёвон кӯчаи Гагарин 4
14 Филиал Суғд ш. Хуҷанд шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 189
15 Филиал Суғд ш. Гулистон шаҳри Қайраққум, кӯчаи Турсунзода 28
16 Филиал Суғд ш. Бустон шаҳри Бустон, кӯчаи Б. Ғафуров 12
17 Филиал Суғд н. Ҷ.Расулов шаҳраки Пролетар, кӯчаи Нурматов 2
18 Филиал Суғд н. Спитамен кӯчаи Б.Ғафуров-1
19 Филиал Суғд н. Панҷакент шаҳри Панҷакент, хиёбони Рyдакӣ 16
20 Филиал Суғд н. Мастчоҳ кӯчаи И.Сомонӣ
21 Филиал Суғд н. Конибодом шаҳри Конибодом, кӯчаи Ленин 318
22 Филиал Суғд н. Исфара шаҳри Исфара, кӯчаи И.Файзуллоев 158
23 Филиал Суғд н.Истаравшан шаҳри Истаравшан, кӯчаи Роҳи Ленин 2
24 Филиал Суғд н. Айнӣ шаҳраки Зарафшон, Айнӣ
25 Филиал НТҶ ш. Ҳисор кӯчаи 60-солагии Ҳисор 3
26 Филиал НТҶ ш. Турсунзода кӯчаи М.Турсунзода -159
27 Филиал НТҶ ш. Рогун шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 36/11
28 Филиал НТҶ н. Шаҳринав шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи И. Сомонӣ 7
29 Филиал НТҶ н. Файзобод шаҳрчаи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ 43
30 Филиал НТҶ н. Рӯдакӣ н. Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Ҷавонон 129
31 Филиал НТҶ н. Рашт кӯчаи И.Сомонӣ 53
32 Филиал НТҶ н. Ваҳдат шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 38
33 Филиал ВМКБ ш. Хоруғ шаҳри Хоруғ, кӯчаи Азизбеков 7
Эзоҳ: вақти қабули мизоҷон дар рӯзҳои корӣ ба ғайр аз рӯзҳои ид ва истироҳат аз соати 09-00 то 15-00 амалӣ карда мешавад.
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *