Хоҳаркушӣ дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент ҳодисаи даҳшатоваре рух дод.
Бар хабари котиботи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҷавони 23 — сола хоҳари худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расондааст.
Ин ҳодиса нисфирӯзи 15 июн, тахминан соати 14:00 дақиқа рух дод.
Гуфта мешавад, сокини 23 — солаи маҳаллӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо хоҳари 19 — солаи худ ҷангу ҷанҷол намудааст.

Зимнан, ҷавон бо истифода аз корди хоҷагӣ 5 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими хоҳари худ зарба расондааст, ки охирон аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *